СӮИҚАСД БА ҶОНИ НОМЗАДИ ВАЗИФАИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН
Кобул, 27 июл. (АМИТ «Ховар» — Лента. ру.). — Силоҳбадастони ҷунбиши «Толибон» 26 июл дар вилояти Кундуз қатори мошинҳои номзади вазифаи ноиби президенти Афғонистон Муҳаммадқосим Фаҳимро аз гранатомётҳо ва пулемётҳо ҳадафи оташ қарор доданд. Хабар дода мешавад, ки бар асари ин сӯиқасд худи Муҳаммадқосим Фаҳим осеб надид, вале яке аз посбонони ӯ сахт маҷрӯҳ шуд. Тавре хабар дода шуда буд, баъди як моҳ, 20 август дар Афғонистон интихоботи президент баргузор мегардад. Ин сӯиқасди дуюм ба ҷони М.Фаҳим мебошад. Силоҳбадастон бори аввал соли 2002 ба муқобили ӯ амалиёт анҷом дода буданд. М.Фаҳим ҳамон вақт дар вазифаи вазири мудофиаи ҳукумати муваққатии Афғонистон кор мекард. Тарҷумон — Қудратов А.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






