САФАРИ ҲАЙАТИ СЕГОНАИ ИТТИҲОДИ АВРУПО АНҶОМ ЁФТ

Июль 13, 2009 16:45

                   Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Сафари ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон имрӯз ба охир расид. Ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо зимни сафар бо мушовири давлатии Президенти ҷумҳурӣ дар масъалаҳои иқтисодӣ Матлубхон Давлатов, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Абдулло Юлдошев, муовини раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Юсуфов, директори Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурӣ Рустам Назаров ва раиси Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ мулоқот кард. Ба ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо директори Вазорати корҳои хориҷии Шветсия Жан Ниберг, сафири Шветсия дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ўзбекистон Ганс Олсон, сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани, сафири Испания дар Қазоқистон Алберто Антон Кортес шомил буданд.                    Дар мулоқот аз Шӯрои Иттиҳоди Аврупо намояндаи махсуси он дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Пер Морел, мушовирони сиёсии созмон дар масъалаҳои Осиёи Марказӣ Татяна Левсеева ва Байба Алексежук ширкат варзиданд. Шоми имрӯз бахшида ба натиҷаҳои сафари намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил карда мешавад.                                                                                                               Тарҷумон Қудратов А.  

Июль 13, 2009 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд