САФАРИ ҲАЙАТИ СЕГОНАИ ИТТИҲОДИ АВРУПО АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Сафари ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон имрӯз ба охир расид. Ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо зимни сафар бо мушовири давлатии Президенти ҷумҳурӣ дар масъалаҳои иқтисодӣ Матлубхон Давлатов, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Абдулло Юлдошев, муовини раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Юсуфов, директори Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурӣ Рустам Назаров ва раиси Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ мулоқот кард. Ба ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо директори Вазорати корҳои хориҷии Шветсия Жан Ниберг, сафири Шветсия дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ўзбекистон Ганс Олсон, сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани, сафири Испания дар Қазоқистон Алберто Антон Кортес шомил буданд. Дар мулоқот аз Шӯрои Иттиҳоди Аврупо намояндаи махсуси он дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Пер Морел, мушовирони сиёсии созмон дар масъалаҳои Осиёи Марказӣ Татяна Левсеева ва Байба Алексежук ширкат варзиданд. Шоми имрӯз бахшида ба натиҷаҳои сафари намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил карда мешавад. Тарҷумон Қудратов А.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






