САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ЛАТВИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Президенти Латвия Валдис Затлерс пагоҳ барои боздиди расмии ҷавобии давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ў аз ҷумлаи сарони давлатҳои мамлакатҳои соҳили Балтика аввалин шахсест, ки ба Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти он сафар мекунад. В. Затлерс зимни сафар бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Сипас гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар баргузор мегардад. Дар фарҷоми он имзои силсилаи ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ пешбинӣ карда мешавад.Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки президенти Латвия баъдан бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Дар ҷараёни сафар боздиди меҳмони олиқадр аз шаҳрҳои Турсунзода ва Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Президенти Латвияро дар ин сафар гурӯҳи калони соҳибкорону тоҷирон ҳамроҳӣ мекунанд. Онҳо 13 июл бо соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон мулоқот хоҳанд кард. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Латвия соли 1994 ба роҳ монда шуда буданд. Тарҷумон Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






