САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ЛАТВИЯ БА ТОҶИКИСТОН

Июль 10, 2009 17:01

                   Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Президенти Латвия Валдис Затлерс пагоҳ барои боздиди расмии ҷавобии давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ў аз ҷумлаи сарони давлатҳои мамлакатҳои соҳили Балтика аввалин шахсест, ки ба Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти он сафар мекунад.                  В. Затлерс зимни сафар бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Сипас гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар баргузор мегардад. Дар фарҷоми он имзои силсилаи ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ пешбинӣ карда мешавад.Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки президенти Латвия баъдан бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Дар ҷараёни сафар боздиди меҳмони олиқадр аз шаҳрҳои Турсунзода ва Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.                 Президенти Латвияро дар ин сафар гурӯҳи калони соҳибкорону тоҷирон ҳамроҳӣ мекунанд. Онҳо 13 июл бо соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон мулоқот хоҳанд кард. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Латвия соли 1994 ба роҳ монда шуда буданд.                                                                                       Тарҷумон Қудратов А. 

Июль 10, 2009 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид