САФАРИ НАХУСТИНИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ПОКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осаф Алии Зардорӣ бегоҳии имрӯз барои боздиди нахустини расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ӯро дар майдони ҳавоии пойтахт Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва шахсони дигари расмӣ пешвоз мегиранд. Маросими истиқболи президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осаф Алии Зардорӣ субҳи 29 июл дар Қасри Миллат баргузор хоҳад гашт. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Покистон дар байни мамлакатҳои ҷаҳон яке аз аввалин мамлакатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф карда, бо мамлакати мо муносибатҳои дипломатӣ муқаррар намуданд. Сафоратхонаи Покистон дар Тоҷикистон 16 июни соли 1992 кушода шуд. То имрӯз байни Тоҷикистону Покистон 22 ҳуҷҷати ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаи тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расидаанд. Маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Покистон соли 2008 — ум 1,7 миллион доллари ИМА ва дар давоми чор моҳи аввали соли 2009 — ум 2,8 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






