САФИ ДОНИШҶӮЁНИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ МЕАФЗОЯД

Июль 29, 2009 11:46

                 Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Таҳсил дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президентӣ, яке аз падидаҳои дурандешона ва оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини шаҳру ноҳияҳои кишвар бо кадрҳои баландихтисос мебошад. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.                  Аз соли 1997 шурӯъ намуда, ДДТТ-ро 370 нафар донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда хатм намудаанд ва имрӯз 441 нафар донишҷӯён тибқи ҳамин квота дар донишгоҳ таҳсили худро идома дода истодаанд.                  Ёдовар мешавем, ки дар соли таҳсили 2008-2009 барои ДДТТ 98 нафар довталаб пешниҳод шуда буд, ки ин шумора 97 нафари онҳо аз озмун гузашта, сазовори номи донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ гардидаанд.                 Таҳлили чандсолаи натиҷаи имтиҳонҳо дар Донишгоҳ нишон медиҳад, ки баҳои миёнаи донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда нисбат ба дигар донишҷӯён хеле паст аст ва шумораи донишҷӯён, ки аз имтиҳонҳо баҳои ғайриқаноатбахш мегиранд, сол то сол зиёд шуда истодаанд. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки яке аз сабабҳои асосии ин масъала заминаи сусти донишҳои мактабии ин категорияи донишҷӯён аст. Солҳои қаблӣ, азбаски чун анъана ба марҳилаи хотимавии озмун барои қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ ба 1 ҷой 3 нафар номзад пешниҳод мешуданд ва новобаста аз савияи дониши онҳо аз озмун гузаштани яке аз номзадон, ки аз дигарон каме дониши зиёд дошт, интихоб карда мешуд.                 Натиҷаи озмуни имсола барои қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ, ки барои довталабони Донишгоҳи тиббӣ аз рӯи системаи рейтингӣ баргузор гардид, нишон дод, ки сатҳи дониши аксарият довталабони пешноҳодшуда мувофиқи матлаб нест. Ин дар ҳолест, ки саволномаҳо барои довталабони тибқи квотаи Президентӣ аз ҷумлаи саволҳои соддатарини имтиҳони дохилшавӣ тартиб дода шудаанд. Дар баъзе ноҳияҳо то ду маротиба озмунҳо гузаронида шуд, аммо аксарияти довталабон аз озмун нагузаштанд ва аз 21 холи максималии муқарраргардида танҳо аз 1 то 10 холро соҳиб шудаанд.                 Бинобар иҷро нагаштани нақшаи қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ дар соли 2009-2010 дар макотиби олии кишвар дар санаи 14 июли соли ҷорӣ бо иштироки муовини сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова бо ректорони донишгоҳҳои олӣ ва котибони масъули Комиссияҳои қабул мулоқот доир гашт, ки зимни ин мутасаддиёни Комиссияҳои қабул дастур гирифтанд, ки маротибаи дуюм ба шаҳру ноҳияҳо рафта, озмунҳои такрорӣ гузаронанд.               Дар қатори дигар макотиби олӣ Донишгоҳи тиббӣ нақшаи қабулро иҷро накарда буд. Бо супориши Вазири маорифи ҶТ ва мувофиқи фармони ректори Донишгоҳ мутасаддиён барои интихоби довталабон фиристода шуданд.                 Натиҷаи қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ дар соли таҳсили 2009-2010 ин аст, ки аз 145 ҷой то имрӯз 104 нафар довталаб аз озмун гузаштаасту халос. Дар асоси қарор «Дар бораи бо тариқи квотаи Президентӣ ба Донишгоҳи тиббӣ қабул намудани шаҳрвандон», барои пурра таъмин намудани нақшаи довталабон барои квота аз 22 ноҳияҳое, ки довталабони арзандаро пешниҳод карда натавонистанд комиссияи махсус аз ҳисоби довталабоне, ки аз ҳамин ноҳияҳо ба Донишгоҳ ҳуҷҷат супоридаанд, тариқи сӯҳбат духтарони дорои дониши хуб ва тариқи озмун писарони лаёқатмандро интихоб карда, иҷрои нақшаро то 30 июл таъмин менамоянд.               Дар ин самт раёсати ДДТТ омода аст, ки дар қабули довталабони лаёқатманд, ки дар ҳақиқат сазовори квотаи Президентӣ ҳастанд, кӯмак намояд.

Июль 29, 2009 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад