САМАРАНОК ИСТИФОДА КАРДАНИ МАБЛАҒҲОИ ИНВЕСТИТСИОНӢ
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Дилловарзод).- Дар моҳҳои январ- майи соли ҷорӣ барои таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ» асосан аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ -93,3 фоизи ҳаҷми умумии инвеститсияи азхудкардашуда ба амал бароварда шудааст, аз он ҷумла дар сохтмони нақби «Шаҳристон» 22435,4 ҳазор сомонӣ инвеститсияи сармояи асосӣ истифода карда шудааст. Дар сохтмони нақби «Шар-Шар» 3328,8 ҳазор сомонӣ, дар барқарорсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — сарҳади Қирғизистон (марҳилаи сеюм) ба маблағи 30493,0 ҳазор сомонӣ, дар роҳи автомобилгарди «Шоҳон — Зиғар» ба маблағи 3892,1 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст. Истифодаи инвеститсияҳо дар моҳҳои январ-майи соли 2009 дар ҳудуди минтақаҳои ВМКБ — 16 миллиону 163,6 ҳазор сомонӣ, дар вилояти Хатлон — 289 миллиону 419,9, вилояти Суғд — 212 миллиону 875,0, дар шаҳри Душанбе — 114 миллиону 373,7 ва дар НТҶ — 271 миллион 712,7 ҳазор сомонӣ ё 30,1 фоизи ҳаҷми умумии инветитсияҳои ҷумҳуриро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






