САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АФҒОНИСТОНУ ПОКИСТОН ВА РУСИЯ ДАР ҶТ МУЛОҚОТ МЕКУНАНД

Июль 27, 2009 15:39

                    Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осаф Алии Зардорӣ 28 июл барои боздиди нахустини расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон Давлат Назриев имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.                    Вай зикр намуд, ки Президенти Покистон зимни сафар бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Сипас гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ҳар ду мамлакат баргузор мегардад. Дар фарҷоми гуфтушунид имзои бьаъзе ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.                    Осаф Алии Зардорӣ дар мулоқоти сегонаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон, инчунин мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва Русия иштирок хоҳад кард. Ин мулоқотҳо 30 июл дар Душанбе баргузор мегардад.                     Баъди чошти 29 июл Президенти Давлати Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай барои боздиди корӣ ба Душанбе меояд. Ӯ зимни сафар бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дода, сипас дар маросими гузоштани хишти аввали бинои нави Сафоратхонаи мамлакаташ дар Тоҷикистон ширкат меварзад.                    Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев 30 июл барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад. Ӯ низ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом медиҳад. Дмитрий Медведев дар шаҳри Душанбе бо сарони давлатҳои Афғонистону Покистон ва Тоҷикистон гуфтушунид хоҳад кард.                    Давлат Назриев дар фарҷоми нишасти матбуотӣ хабар дод, ки президентҳои Тоҷикистон ва Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев 31 июл дар маросими ботантанаи ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда — 1» иштирок хоҳанд кард, ки натиҷаи ҳамкории самарабахши иқтисодии Тоҷикистону Русия мебошад. Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 27, 2009 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд