САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АФҒОНИСТОНУ ПОКИСТОН ВА РУСИЯ ДАР ҶТ МУЛОҚОТ МЕКУНАНД
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осаф Алии Зардорӣ 28 июл барои боздиди нахустини расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон Давлат Назриев имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Вай зикр намуд, ки Президенти Покистон зимни сафар бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Сипас гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ҳар ду мамлакат баргузор мегардад. Дар фарҷоми гуфтушунид имзои бьаъзе ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст. Осаф Алии Зардорӣ дар мулоқоти сегонаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон, инчунин мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва Русия иштирок хоҳад кард. Ин мулоқотҳо 30 июл дар Душанбе баргузор мегардад. Баъди чошти 29 июл Президенти Давлати Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай барои боздиди корӣ ба Душанбе меояд. Ӯ зимни сафар бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дода, сипас дар маросими гузоштани хишти аввали бинои нави Сафоратхонаи мамлакаташ дар Тоҷикистон ширкат меварзад. Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев 30 июл барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад. Ӯ низ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом медиҳад. Дмитрий Медведев дар шаҳри Душанбе бо сарони давлатҳои Афғонистону Покистон ва Тоҷикистон гуфтушунид хоҳад кард. Давлат Назриев дар фарҷоми нишасти матбуотӣ хабар дод, ки президентҳои Тоҷикистон ва Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев 31 июл дар маросими ботантанаи ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда — 1» иштирок хоҳанд кард, ки натиҷаи ҳамкории самарабахши иқтисодии Тоҷикистону Русия мебошад. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






