ШОҲПАРАКҲОИ САФЕДИ ЗАРРИНДУМБОЛ ДУШАНБЕРО ТАРК МЕКУНАНД?

Июль 28, 2009 16:01

                     Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар назар аст, ки то 5 август анбӯҳи шоҳпаракҳои сафеди зарриндумбол, ки имрӯз бархе аз маҳаллаю кӯчаҳои пойтахтро фаро гирифтааст ботадриҷ аз байн бурда мешаванд, гуфт зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардухтури давлатии санитарии шаҳри Душанбе Зиёвуддин Афғонов.                    Мавсуф зикр кард, ки шоҳпаракҳои зарриндумбол ҳашароти хавфнок буда, паҳнкунандаи бемории аллергия аст. Сабаби пайдоиши он боришоти аз меъёр зиёди имсола буда, макони ин гуна шоҳпаракҳо кӯҳистон мебошад. Шоҳпаракҳои сафеди зарриндумбол аз қисмати шимолӣ- Варзоб ба шаҳри Душанбе кӯч бастаанд. Ва муддати се ҳафта аст, ки дар пойтахт мушоҳида мегарданд. Шоҳпаракҳо аслан шабона кӯч баста, макони худро иваз менамоянд.                     Ҷиҳати аз байн бурдани он сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе, бахусус Сарраёсати ободонии пойтахт дар ҳамкорӣ бо ширкати «Фавз» тадбирҳои мушаххас андешида, корҳои дезинфексиониро дар ин самт ба роҳ мондаанд.                    То имрӯз ба хадамоти марбутаи пойтахт беш аз 700 нафар шаҳрвандон ва намояндагони муассисаю ташкилотҳои дар пойтахт буда, барои гузаронидани корҳои дезинфиксионӣ ва мубориза бо ин ҳашарот муроҷиат намудаанд.

Июль 28, 2009 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд