ШУМОРАИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ЗИЁД ШУД

Июль 24, 2009 08:49

                    Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нимсолаи якуми соли 2009 бо назардошти сектори хусусӣ дар шаҳри Ваҳдат ба маблағи 13 миллиону 383 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Ин нишондиҳанда дар корхонаҳои расман ба қайд гирифташудаи тавлидкунандаи молҳои саноатӣ 4 миллиону 483,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра теъдоди корхонаҳои саноатӣ аз 25 ба 39 адад расид.                    Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин муддат заводҳои «Таъмири механикӣ», «Пахта», «Қисмҳои эҳтиётии Ҷасур», «Матбаа», «Соҳили обод» хуб меҳнат намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 — 5 баробар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.                   Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр 3210,5 метри мукааб керамзит, 2 миллиону 472 ҳазор нусха бланкаҳо, 3216 кг банд, 569 рулон симтур, 1 миллиону 599 ҳазор дона хишт, 88, 1 тонна нон ва маҳсулоти қаннодӣ, 799 тонна орд, 1650 тонна ангишт. 10 ҳазор метри тӯлонӣ трубаи полиэтиленӣ, 1556 мукааб шағал, 3591 мукааб рег ва 36 тонна арматур истеҳсол карда шудааст.                   Аз коркарди пахтаи ҳосили соли 2008 дар 6 моҳи сои ҷорӣ 104,9 тонна нахи пахта, 172,5 тонна тухмӣ, 5,6 тонна линт, ва 2,7 тонна улюк истеҳсол карда шудааст.  

Июль 24, 2009 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд