СИФАТИ ЛАМПАҲОИ ВОРИДОТӢ САНҶИДА МЕШАВАД

Июль 7, 2009 16:31

                 Душанбе, 7 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-10 июл дар Агентии давлатии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ҷумҳурӣ озмоишгоҳи махсуси санҷиши сифати лампаҳои каммасрафи воридотӣ кушода мешавад.                Озмоишгоҳи мазкур бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуда, дар муддатҳои кӯтоҳ ва ба таври дақиқ ҳамагуна навъи лампаҳои каммасрафро дар робита бо талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ аз санҷиш мегузаронад. Озмоишгоҳи мазкур дар доираи татбиқи Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ифтитоҳ карда мешавад.                 Қаблан дар дастгоҳи марказии Агентии Тоҷикстандарт ду озмоишгоҳи сайёри санҷиши лампаҳои каммасраф фаъолият мекард. Инчунин, вақтҳои наздик кушодашавии чунин озмошгоҳҳо дар марказҳои вилоятии Тоҷикстандарт дар назар аст.                 Алҳол, тоҷирони тоҷик бештар аз кишварҳои Россия, Чин ва Туркия лампаҳои каммасраф ворид менамоянд, ки нархи онҳо дар бозорҳои дохилии кишвар аз 6 сомонӣ боло аст.

Июль 7, 2009 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд