СИТОД БА ЧӢ МУВАФФАҚ ШУД?

Июль 27, 2009 08:25

                  Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» -Таъсиси ситоди «Мубориза бар зидди малах» чӣ натиҷа дод? Сардори Раёсати сиёсати иқтисод ва ояндабинии Вазорати кишоварзӣ Сафаралӣ Маҳмадалиев иброз дошт, ки ҳанӯз 2 — юми марти соли 2009 оид ба пешгирӣ намудани паҳншавии малах ва ташкили муборизаи кимиёвӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони вазири кишоварзӣ ба имзо расида буд, ки тибқи он ситоди ҷумҳуриявии «Мубориза бар зидди малах» ташкил карда шуд. Дар баробари ситоди ҷумҳуриявӣ ситодҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ низ таъсис дода шуданд.                 Барои бартараф кардани вазъияти баамаломада 8 маҷлиси корӣ ва ситоди васеи ҷумҳуриявӣ оид ба мушоҳида, роҳҳои муборизаи кимиёвӣ ва оғози муборизаи зидди малах гузаронида шуд.                 Ба вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 17 ҳазору 305 литр заҳрхимикат, 14 адад хайма, 615 адад либосҳои махсуси муҳофизавӣ, 750 адад дорупошакҳои махсуси дастӣ, 9600 литр сӯзишвории дизелӣ ва 100 литр равғани дизелӣ дастрас карда шуд.                 То моҳи июни соли ҷорӣ масоҳати умумии паҳншавии малах 78 ҳазору 800 гектарро ташкил намуда, дар 61 ҳазору 260 гектари он корҳои кимиёвии зидди малах гузаронида шуд.                 Мутахассисон дар моҳи июну июл ҷои тухмгузории малахро муайян намуданд ва дар моҳҳои авгусит ва сентябр барои нест кардани масоҳати тухмгузоришудаи он чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.  

Июль 27, 2009 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд