СИТОД БА ЧӢ МУВАФФАҚ ШУД?
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» -Таъсиси ситоди «Мубориза бар зидди малах» чӣ натиҷа дод? Сардори Раёсати сиёсати иқтисод ва ояндабинии Вазорати кишоварзӣ Сафаралӣ Маҳмадалиев иброз дошт, ки ҳанӯз 2 — юми марти соли 2009 оид ба пешгирӣ намудани паҳншавии малах ва ташкили муборизаи кимиёвӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони вазири кишоварзӣ ба имзо расида буд, ки тибқи он ситоди ҷумҳуриявии «Мубориза бар зидди малах» ташкил карда шуд. Дар баробари ситоди ҷумҳуриявӣ ситодҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ низ таъсис дода шуданд. Барои бартараф кардани вазъияти баамаломада 8 маҷлиси корӣ ва ситоди васеи ҷумҳуриявӣ оид ба мушоҳида, роҳҳои муборизаи кимиёвӣ ва оғози муборизаи зидди малах гузаронида шуд. Ба вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 17 ҳазору 305 литр заҳрхимикат, 14 адад хайма, 615 адад либосҳои махсуси муҳофизавӣ, 750 адад дорупошакҳои махсуси дастӣ, 9600 литр сӯзишвории дизелӣ ва 100 литр равғани дизелӣ дастрас карда шуд. То моҳи июни соли ҷорӣ масоҳати умумии паҳншавии малах 78 ҳазору 800 гектарро ташкил намуда, дар 61 ҳазору 260 гектари он корҳои кимиёвии зидди малах гузаронида шуд. Мутахассисон дар моҳи июну июл ҷои тухмгузории малахро муайян намуданд ва дар моҳҳои авгусит ва сентябр барои нест кардани масоҳати тухмгузоришудаи он чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






