СОҲАИ МАОРИФИ КИШВАР ҚАДАМҲОИ УСТУВОР МЕГУЗОРАД

Июль 15, 2009 15:07

                   Душанбе, 15 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи сиёсати иттилооти идораи маориф» аз ҳисоби транши дуюми гранти Фонди католикӣ таҷҳизоти техникӣ — компютериро харидорӣ намуда, ба шӯъбаю раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим намуд.                 Таҷҳизоти мазкур барои истифодаи барномаи низоми иттилоотии автоматикунонии ҷудо карда шуда, он аз 2 сервер, 122 компютер, 1 ноутбук, 66 принтер, 85 сканер, 215 регулятори барқӣ, 42 генератор, 63 факс, 17 дастгоҳи нусхабардор ва 410 флэшка, барномаи литсензионӣ оид ба Windows xt office антивирус иборат аст.                  Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, таҷҳизот ба маблағи 1 миллиону 883 ҳазору 643 сомонӣ харида шудааст. Ҳадаф аз таъмини шӯъбаю раёсатҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар муттаҳид намудани иттилооти марбут ба идоракунии фаъолияти таҳсилот ва пешниҳод кардани он ба шумораи зиёди истифодабарандагон, аз ҷумла омӯзгорон, директорони мактабҳо, мушовирон, нозирон ва кулли кормандони бахши соҳаи маорифи ҷумҳурӣ мебошад. Ноилшо Нуралиев, иброз дошт, ки дар маросими тақсими таҷҳизоти техникӣ муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова, вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва сардорони шӯъбаю раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳузур доштанд.

Июль 15, 2009 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд