СОҲАИ МАОРИФИ КИШВАР ҚАДАМҲОИ УСТУВОР МЕГУЗОРАД
Душанбе, 15 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи сиёсати иттилооти идораи маориф» аз ҳисоби транши дуюми гранти Фонди католикӣ таҷҳизоти техникӣ — компютериро харидорӣ намуда, ба шӯъбаю раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим намуд. Таҷҳизоти мазкур барои истифодаи барномаи низоми иттилоотии автоматикунонии ҷудо карда шуда, он аз 2 сервер, 122 компютер, 1 ноутбук, 66 принтер, 85 сканер, 215 регулятори барқӣ, 42 генератор, 63 факс, 17 дастгоҳи нусхабардор ва 410 флэшка, барномаи литсензионӣ оид ба Windows xt office антивирус иборат аст. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, таҷҳизот ба маблағи 1 миллиону 883 ҳазору 643 сомонӣ харида шудааст. Ҳадаф аз таъмини шӯъбаю раёсатҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар муттаҳид намудани иттилооти марбут ба идоракунии фаъолияти таҳсилот ва пешниҳод кардани он ба шумораи зиёди истифодабарандагон, аз ҷумла омӯзгорон, директорони мактабҳо, мушовирон, нозирон ва кулли кормандони бахши соҳаи маорифи ҷумҳурӣ мебошад. Ноилшо Нуралиев, иброз дошт, ки дар маросими тақсими таҷҳизоти техникӣ муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова, вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва сардорони шӯъбаю раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳузур доштанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






