СОХТМОНИ БИНОҲОИ ИСТИҚОМАТӢ ЗИЁД ГАРДИД
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Дилловарзод).- Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар давоми панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ — 280583,4 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Дар ин муддат 145697 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22175 метри мураббаъ зиёд аст. Бояд тазаккур дод, ки масоҳати умумии биноҳои истиқоматии ба истифодадодашуда дар вилояти Суғд — 72618 метри мураббаъ ё 49,8 фоиз, дар вилояти Хатлон — 52336 метри мураббаъ, шаҳри Душанбе -12202 ва НТҶ — 8541 метри мураббаъ ё 5,9 фоизро ташкил додаст. Биноҳои истиқоматиро дар ҷумҳурӣ асосан сектори ғайридавлатӣ ва қисми зиёди онро аҳолӣ месозад, онҳо дар давоми моҳҳои январ — майи соли ҷорӣ 128914 метри мураббаъ ё 88,5 фоизи ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматии ба истифоа додашударо сохтаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






