СОХТМОНИ КОРХОНАҲОИ НАВ ДАР ВМКБ
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар давоми соли равон ва соли 2010 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар аз 110 корхонаю муассисаи нав ба истифода дода мешавад. Ба истифода додани ҳамаи ин корхонаю муассисаҳо дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ ба нақша гирифта шудааст, ки соли оянда дар маркази ВМКБ -шаҳри Хоруғ ҷашн гирифта мешавад. Муовини аввали директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки соли 2009 дар вилоят 64 корхона ва соли 2010-ум 46 корхона мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамаи ин корхонаҳоро муассисаҳои сохтмони маҳаллӣ аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ месозанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки соли равон дар шаҳри Хоруғ сохтмони шифохонаи вилоятӣ, театри драмавии ба номи М. Назаршоев, меҳмонхона, бинои маъмурияти шаҳр ва маркази калони тиҷоратӣ, дар ноҳияи Дарвоз маркази маъмурӣ, чанд мактаб, муоинагоҳи тиббӣ сохта, даври дуюми тармими роҳи мошингарди «Шоҳон-Зиғор» ба охир расонда мешавад. Дар ноҳияи Ванҷ бинои мактаб барои 120 талаба, 2 шифохонаи минтақавӣ, дар ноҳияи Рӯшон мактабҳо, шифохонаҳо, дар ноҳияи Шуғнон 1 шифохона, осорхона, 2 мактаб, дар ноҳияи Роштқалъа шифохонаи марказӣ, мактаб ва маркази саломатӣ, дар ноҳияи Мурғоб каналҳо ва мактабҳо сохта хоҳанд шуд. Соли 2010 дар шаҳри Хоруғ сохтани Қасри ҷавонон, варзишгоҳи марказӣ, боғи марказии фарҳангу фароғат, гимназия-интернат ва марказҳои савдо, дар ноҳияи Дарвоз сохтмони Қасри фарҳанг, 1 боғчаи бачагона, мактабҳо, дар ноҳияи Ванҷ сохтмони варзишгоҳ, мактаб, бинои филиали «Амонатбонк» ва кӯпрук дар болои дарёи Панҷ, дар ноҳияи Рӯшон сохтмони бинои маъмурӣ, осорхона, мактабҳо ва марказҳои савдо, дар ноҳияи Шуғнон сохтмони терминали нақлиётӣ, 2 корхонаи мурғпарварӣ, техникум, мактабҳо, роҳҳо ва дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони 1 варзишгоҳ ва роҳҳо ба нақша гирифта шудаанд. Намояндаи Агентии меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори боварӣ намуд, ки ҳамаи ин корхонаҳо, муассисаҳо ва иншоотҳо дар мӯҳлати муқарраршуда ба истифода дода хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






