СОХТМОНИ КОРХОНАҲОИ НАВ ДАР ВМКБ

Июль 10, 2009 11:20

                      Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар давоми соли равон ва соли 2010 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар аз 110 корхонаю муассисаи нав ба истифода дода мешавад. Ба истифода додани ҳамаи ин корхонаю муассисаҳо дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ ба нақша гирифта шудааст, ки соли оянда дар маркази ВМКБ -шаҳри Хоруғ ҷашн гирифта мешавад. Муовини аввали директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки соли 2009 дар вилоят 64 корхона ва соли 2010-ум 46 корхона мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамаи ин корхонаҳоро муассисаҳои сохтмони маҳаллӣ аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ месозанд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки соли равон дар шаҳри Хоруғ сохтмони шифохонаи вилоятӣ, театри драмавии ба номи М. Назаршоев, меҳмонхона, бинои маъмурияти шаҳр ва маркази калони тиҷоратӣ, дар ноҳияи Дарвоз маркази маъмурӣ, чанд мактаб, муоинагоҳи тиббӣ сохта, даври дуюми тармими роҳи мошингарди «Шоҳон-Зиғор» ба охир расонда мешавад.                    Дар ноҳияи Ванҷ бинои мактаб барои 120 талаба, 2 шифохонаи минтақавӣ, дар ноҳияи Рӯшон мактабҳо, шифохонаҳо, дар ноҳияи Шуғнон 1 шифохона, осорхона, 2 мактаб, дар ноҳияи Роштқалъа шифохонаи марказӣ, мактаб ва маркази саломатӣ, дар ноҳияи Мурғоб каналҳо ва мактабҳо сохта хоҳанд шуд.                   Соли 2010 дар шаҳри Хоруғ сохтани Қасри ҷавонон, варзишгоҳи марказӣ, боғи марказии фарҳангу фароғат, гимназия-интернат ва марказҳои савдо, дар ноҳияи Дарвоз сохтмони Қасри фарҳанг, 1 боғчаи бачагона, мактабҳо, дар ноҳияи Ванҷ сохтмони варзишгоҳ, мактаб, бинои филиали «Амонатбонк» ва кӯпрук дар болои дарёи Панҷ, дар ноҳияи Рӯшон сохтмони бинои маъмурӣ, осорхона, мактабҳо ва марказҳои савдо, дар ноҳияи Шуғнон сохтмони терминали нақлиётӣ, 2 корхонаи мурғпарварӣ, техникум, мактабҳо, роҳҳо ва дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони 1 варзишгоҳ ва роҳҳо ба нақша гирифта шудаанд.                     Намояндаи Агентии меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори боварӣ намуд, ки ҳамаи ин корхонаҳо, муассисаҳо ва иншоотҳо дар мӯҳлати муқарраршуда ба истифода дода хоҳанд шуд.  

Июль 10, 2009 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид