СУҚУТИ ЧАРХБОЛИ НИЗОМӢ ДАР АФҒОНИСТОН

Июль 7, 2009 16:28

                     Қобул, 7 июл. (АМИТ «Ховар»-Радиои «Озодӣ»).- Дар Афғонистон дар натиҷаи ба фалокат дучор шудани чархболи низомӣ ду нафар хизматчии ҳарбии канадагӣ ва як нафар хизматчии ҳарбии британӣ ҳалок шуданд. Ду каси дигар маҷрӯҳ шуд. Аз рӯи маълумоти ҳайати қумондонии қувваҳои низомии эътилофии хориҷӣ, чархболи мазкур зимни парвоз аз пойгоҳи низомии дар вилояти Зобулбуда ба фалокат дучор шудаст.                    Алҳол сабабҳои фалокат тафтиш карда мешаванд, ҳаминаш маълум аст, ки чархболи мазкур ҳадафи ҳуҷум қарор нагирифтааст. Рӯзи душанбе дар Афғонистон дар натиҷаи таркишҳо ва ҳуҷуми силоҳбадастон ҳафт хизматчии ҳарбии амрикоӣ ҳалок шуд.

Июль 7, 2009 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд