СУҚУТИ ЧАРХБОЛИ НИЗОМӢ ДАР АФҒОНИСТОН
Қобул, 7 июл. (АМИТ «Ховар»-Радиои «Озодӣ»).- Дар Афғонистон дар натиҷаи ба фалокат дучор шудани чархболи низомӣ ду нафар хизматчии ҳарбии канадагӣ ва як нафар хизматчии ҳарбии британӣ ҳалок шуданд. Ду каси дигар маҷрӯҳ шуд. Аз рӯи маълумоти ҳайати қумондонии қувваҳои низомии эътилофии хориҷӣ, чархболи мазкур зимни парвоз аз пойгоҳи низомии дар вилояти Зобулбуда ба фалокат дучор шудаст. Алҳол сабабҳои фалокат тафтиш карда мешаванд, ҳаминаш маълум аст, ки чархболи мазкур ҳадафи ҳуҷум қарор нагирифтааст. Рӯзи душанбе дар Афғонистон дар натиҷаи таркишҳо ва ҳуҷуми силоҳбадастон ҳафт хизматчии ҳарбии амрикоӣ ҳалок шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






