СУДИ ИҚТИСОДИИ ДУШАНБЕ ФАРМОНИ ВАЗИРРО БОЗДОШТ

Июль 30, 2009 16:53

                    Душанбе, 30 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Суди иқтисодии шаҳри Душанбе амали Фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 -уми июли соли 2009 таҳти №1450-ро «Дар бораи манъ кардани қабули довталабон барои соли хониши 2009-2010 дар Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон» бо таъиноти худ аз 30 июли соли 2009 боз дошт.                     Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон иттилоъ доданд.                    Раёсати Донишкада узри худро ба довталабоне, ки ҳуҷҷатҳои худро бозгирифтаанд мерасонад ва изҳор менамояд, ки Донишкада омода аст дубора ҳуҷҷатҳои довталабонро қабул намояд.                     Донишкадаи мазкур аз соли 2003 ҳамчун Донишкадаи байналмилалии Тоҷикистон фаъолият дошт. Алҳол Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон дорои ду факулта -факултаи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва факултаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ аст. Дар он 1700 донишҷӯ таҳсил намуда, ба онҳо беш аз 70 нафар устодон дарс мегӯянд, ки аз онҳо 28 -нафарашон соҳиби унвонҳо мебошанд. Дар Донишкада аз рӯи 7 ихтисос — муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва ғайра мутахассисон тайёр карда мешаванд. Таҳсил дар Донишкада ба се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷараён мегирад.  Соли равон ин даргоҳи маърифатро қариб 100 нафар донишҷӯён хатм намуда, дар вазорату идораҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Дар соли таҳсили 2009-2010 -ум 400 нафар довталаб ба Донишкадаи мазкур ҳуҷҷат супоридаанд.

Июль 30, 2009 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд