СУДИ ИҚТИСОДИИ ДУШАНБЕ ФАРМОНИ ВАЗИРРО БОЗДОШТ
Душанбе, 30 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Суди иқтисодии шаҳри Душанбе амали Фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 -уми июли соли 2009 таҳти №1450-ро «Дар бораи манъ кардани қабули довталабон барои соли хониши 2009-2010 дар Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон» бо таъиноти худ аз 30 июли соли 2009 боз дошт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Раёсати Донишкада узри худро ба довталабоне, ки ҳуҷҷатҳои худро бозгирифтаанд мерасонад ва изҳор менамояд, ки Донишкада омода аст дубора ҳуҷҷатҳои довталабонро қабул намояд. Донишкадаи мазкур аз соли 2003 ҳамчун Донишкадаи байналмилалии Тоҷикистон фаъолият дошт. Алҳол Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон дорои ду факулта -факултаи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва факултаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ аст. Дар он 1700 донишҷӯ таҳсил намуда, ба онҳо беш аз 70 нафар устодон дарс мегӯянд, ки аз онҳо 28 -нафарашон соҳиби унвонҳо мебошанд. Дар Донишкада аз рӯи 7 ихтисос — муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва ғайра мутахассисон тайёр карда мешаванд. Таҳсил дар Донишкада ба се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷараён мегирад. Соли равон ин даргоҳи маърифатро қариб 100 нафар донишҷӯён хатм намуда, дар вазорату идораҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Дар соли таҳсили 2009-2010 -ум 400 нафар довталаб ба Донишкадаи мазкур ҳуҷҷат супоридаанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






