ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛЛИИ ШВЕЙТСАРИЯ
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 1 август дар Агентии ҳамкории байналхалқии Швейтсария дар Душанбе ба муносибати Рӯзи миллии Швейтсария ва 718 солагии ташкили Конфедератсияи Швейтсария маҷлиси ботантана баргузор мегардад. Ба он намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, сафоратхонаҳо ва намояндагони аҳли ҷамъияти Тоҷикистон даъват карда шудаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки рӯзи 1 август рӯзи ташкили Конфедератсияи Швейтсария ба шумор меравад. Ҷашни мазкур аз соли 1291 то имрӯз таҷлил карда мешавад. Ҳамон сол се вилояти ба ҳамдигар душмани ин мамлакат — Ури, Швитс ва Унтервалден барои дастгирии ҳамдигар ва ҳифзи манфиатҳои умумиашон созишнома имзо карда буданд. Чунин шуморида мешавад, ки маҳз ҳамин созишнома ба ташкили давлати ягонаи Швейтсария ибтидо гузоштааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






