ТАФТИШИ СУИҚАСД БА ҶОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ИНГУШИСТОН ДАВОМ ДОРАД

Июль 25, 2009 10:43

                 Маскав, 25 июл. (АМИТ «Ховар»-Лента.ру).- Раиси Кумитаи тафтишоти прокуратураи Федератсияи Русия Александр Бастрикин хабар дод, ки дар ҷараёни тафтиши амалиёти сӯиқасд ба ҷони президенти Ингушистон Юнусбек Евкуров чор нафар дастгир шуд. Онҳо ба иштирок дар ин амалиёт гумонбар мебошанд. Қайд карда шуд, ки номи шахсони дастгиршуда бо мақсади махфӣ нигоҳ доштани ҷараёни тафтиш фош карда намешавад.                 Муовини вазири корҳои дохилии Русия Аркадий Еделев пеш аз ин хабар дода буд, ки шахсони ба рабудани мошини сабукрави тамғаи «Тойота» дасгир карда шуданд. Аз рӯи тахмини муфаттишон, ҳамин мошини сабукрав барои анҷом додани сӯиқасд ба ҷони президент истифода карда шудааст.                 Тавре хабар дода шуда буд, шахсони номаълум 22 июн дар шаҳри Назрон ба ҷони президенти Ингушистон сӯиқасд ташкил намуданд. Онҳо мошини сабукрави тамғаи «Тойота кампри»-ро ки бо маводи тарканда муҷаҳҳаз буд, дар назди мошини президент тарконданд. Иқтидори маводи тарканда ба 70 килограм қувваи тротил баробар буд.  Мошини сабукравро як нафар террористи фидоӣ тарконд. Худи террорист дар ҷои воқеа ҳалок шуд. Дар натиҷаи сӯиқасд президенти Ингушистон сахт маҷрӯҳ шуд ва ду нафари дигар ҳалок гардид.                Юнусбек Евкуров баъди сӯиқасд дар шифохона бештар аз 10 рӯз беҳуш хобид. Айни ҳол вазъи саломатии ӯ торафт беҳтар мегардад. Президенти Русия Д. Медведев ба аёдати Ю. Евкуров омад.                Вазири корҳои дохилии Чеченистон Руслан Олхонов изҳор намуд, ки ташкилкунандаи сӯиқасд силоҳбадасти машҳур Алӣ Тозиев мебошад, ки инчунин бо номҳои Муҳаммад Евлоев ва лақаби Магас маълум аст.

Июль 25, 2009 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст