ТАЙЁРИИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК БА БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ СОЛИ 2010

Июль 25, 2009 12:14

                   Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Лижарони машҳури тоҷик Алишер Қудратов имрӯзҳо таҳти роҳбарии мураббиаш Ибод Қурбонов дар варзишгоҳи зимистонаи лижаронии «Сафедорак» машқ мекунад. Вай ҳамроҳи лижарони дигари мамлакат Андрей Дригин дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ иштирок хоҳад кард, ки моҳи феврали соли 2010 дар Канада баргузор мегардад. Ҳар ду варзишгар гирандаи стипендияи Кумитаи байналхалқии олимпӣ мебошанд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки варзишгоҳи зимистонаи лижаронии «Сафедорак» солҳои ҳокимияти шӯравӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари иттиҳод шӯҳрати калон дошт. Тибқи нақша, мебоист дар ин ҷо меҳмонхонаи панҷситорадор, Қасри варзиш ва майдони калони рақси рӯи ях сохта мешуд, вале ин нақшаҳо баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ иҷро нашуданд. Имрӯз дар ин ҷо садҳо нафар бачагону наврасони маҳаллӣ машқ мекунанд.                    Раиси комиссияи ҷумҳуриявии варзишию техникии лижаронӣ Владислав Минаев изҳори умед кард, ки шумораи ҳаводорони варзиши лижаронӣ сол то сол меафзояд, ва шояд ояндаи наздик варзишгоҳи «Сафедорак» аз нав барқарор карда шавад. Тарҷумон Қудратов А.  

Июль 25, 2009 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд