ТАЛАБАГОНИ БЕҲТАРИН СОҲИБИ МЕДАЛИ ТИЛЛО МЕГАРДАНД

Июль 15, 2009 17:05

                          Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов дирӯз дар бораи мукофотонидани хатмкунандагони беҳтарини мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии мамлакат бо медалҳои тилло ва нуқра фармон имзо намуд. Тибқи фармони вазир 10 нафар талабаи беҳтарин бо медали тилло ва 30 нафари дигар бо медали нуқра мукофотонида мешавад. Талабагоне, ки ба гирифтани медалҳо пешбарӣ карда шуда буданд, 4 ва 5 июл дар озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд. Ҳайати доварон ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо баррасӣ намуда, бо ҳар талаба алоҳида сӯҳбат кард.                         Талабагоне, ки дар олимпиадаҳои байналхалқӣ ҷойҳои аввалро ишғол намудаанд, берун аз озмун медали тилло хоҳанд гирифт. Онҳо асосан аз Литсеи тоҷикию туркии ба номи Камоли Хуҷандӣ мебошанд.                         Барандагони медалҳои тилло метавонанд, бе спурдани имтиҳон ба мактабҳои олӣ қабул шаванд. Талабагоне, ки медали нуқра гирифтаанд, танҳо як имтиҳон супорида, аз сӯҳбати аъзои комиссияи қабул мегузаранд. Тарҷумон — Қудратов А.

Июль 15, 2009 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд