ТАЛАБОТ БА АСЪОРИ ХОРИҶӢ КАМ ГАШТ

Июль 23, 2009 10:28

                 Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми рӯзи 22 июл қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе паст шуда, ба ҳисоби миёна 4,4288 — 4,4456 сомониро ташкил дод. Ин поёнравӣ вобаста ба кам шудани талабот ба асъори хориҷӣ мебошад. Қурби миёна аз рӯи амалиёти хариду фурӯши рубли русӣ ва евро тағйир наёфта, мувофиқан 1,39 — 1,40 сомонӣ ва 6,15 — 6,19 сомониро ташкил намуд.                 Аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ низ қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ поён рафта, мутаносибан 4,43 сомонӣ барои 1 доллари ИМА, 1,40 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,17 сомонӣ барои 1 евроро ташкил доданд.

Июль 23, 2009 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд