ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Президенти Давлати Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай баъди чошти имрӯз барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар майдони ҳавоии пойтахт Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқил пешвоз гирифт. Тибқи нақшаи сафар, Президенти Афғонистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Дар фарҷоми мулоқоти онҳо силсилаи ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ имзо карда мешаванд. Аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки роҳбари давлати Афғонистон дар мулоқотҳои дуҷонибаю сеҷониба ва чорҷониба бо иштироки сарони давлатҳои Покистону Русия ва Тоҷикистон ширкат хоҳад варзид. Хабар дода мешавад, ки Ҳамид Карзай дар ҷараёни сафараш дар маросими гузоштани хишти аввали бинои сафоратхонаи Давлати Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон иштирок менамояд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






