ТЕЪДОДИ МАКТАБҲО ДАР ПОЙТАХТ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 13 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи соли хониши 2009-2010 дар пойтахт 4 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки ду адади он аз ҷониби Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бунёд мегарданд. Назар ба иттилои сардори идораи маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов ду мактабе, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсӣ сохта мешаванд, барои 1154 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар 10 муасссисаи томактабии пойтахт корҳои таъмир оғоз гардида, дар ин самт ба маблағи 10 миллион сомонӣ корҳои таҷдид ба сомон расонида мешаванд. Алҳол, дар пойтахт 112 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва 105 кӯдакистон фаъолият дорад, ки 83 адади кӯдакистонҳо аз буҷаи шаҳр маблағгузорӣ мегарданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






