ТЕЪДОДИ МАКТАБҲО ДАР ПОЙТАХТ МЕАФЗОЯД

Июль 13, 2009 09:46

                 Душанбе, 13 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи соли хониши 2009-2010 дар пойтахт 4 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки ду адади он аз ҷониби Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бунёд мегарданд.                Назар ба иттилои сардори идораи маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов ду мактабе, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсӣ сохта мешаванд, барои 1154 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.               Инчунин, дар 10 муасссисаи томактабии пойтахт корҳои таъмир оғоз гардида, дар ин самт ба маблағи 10 миллион сомонӣ корҳои таҷдид ба сомон расонида мешаванд.                Алҳол, дар пойтахт 112 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва 105 кӯдакистон фаъолият дорад, ки 83 адади кӯдакистонҳо аз буҷаи шаҳр маблағгузорӣ мегарданд.

Июль 13, 2009 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид