ТОҶИКИСТОН СОЛИ 2010 БА СИСТЕМАИ ОМОРИ АВРУПОӢ МЕГУЗАРАД

Июль 15, 2009 16:46

                     Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Раиси Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ Мирганд Шабозов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2010 ба системаи омори аврупоӣ мегузарад. Вай зикр намуд, ки системаи имрӯзаи омори мамлакат системаи омори даврони шӯравӣ мебошад.                     Солҳои ҳокимияти шӯравӣ тамоми маълумот аз колхозу совхозҳо ба таври марказонидашуда дода мешуд. Баъди гузаштан ба системаи омори аврупоӣ низоми додани маълумот комилан тағйир меёбад. Ин чунин маъно дорад, ки тамоми маълумоти воридшуда фавран ва ҳамаҷониба таҳлил карда мешавад. Мо имрӯз аз 76 ҳазор корхона ва хоҷагиҳои гуногун маълумоти омор мегирем. Ин маълумот дар Маркази асосии ҳисоббарорӣ таҳлил карда мешавад. Айни ҳол дар кумитаи мо 75 фоизи маълумот мувофиқи системаи омори аврупоӣ таҳлил карда мешавад.                    Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда, ба системаи мазкур хоҳад гузашт, гуфт дар хотима М.Шабозов.

Июль 15, 2009 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд