ТОҶИКИСТОН СОЛИ 2010 БА СИСТЕМАИ ОМОРИ АВРУПОӢ МЕГУЗАРАД
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Раиси Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ Мирганд Шабозов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2010 ба системаи омори аврупоӣ мегузарад. Вай зикр намуд, ки системаи имрӯзаи омори мамлакат системаи омори даврони шӯравӣ мебошад. Солҳои ҳокимияти шӯравӣ тамоми маълумот аз колхозу совхозҳо ба таври марказонидашуда дода мешуд. Баъди гузаштан ба системаи омори аврупоӣ низоми додани маълумот комилан тағйир меёбад. Ин чунин маъно дорад, ки тамоми маълумоти воридшуда фавран ва ҳамаҷониба таҳлил карда мешавад. Мо имрӯз аз 76 ҳазор корхона ва хоҷагиҳои гуногун маълумоти омор мегирем. Ин маълумот дар Маркази асосии ҳисоббарорӣ таҳлил карда мешавад. Айни ҳол дар кумитаи мо 75 фоизи маълумот мувофиқи системаи омори аврупоӣ таҳлил карда мешавад. Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда, ба системаи мазкур хоҳад гузашт, гуфт дар хотима М.Шабозов.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






