«ТОҶИКМАТЛУБОТ» АНДОЗРО БАРЗИЁД МЕСУПОРАД
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба буҷети давлат 9,6 миллион сомонӣ андоз супорида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2008-ум 2,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ 21 июл, раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев. Ӯ афзуд, ки фоидаи бадастомада дар соҳаи кооператсияи матлубот 7,3 миллион сомониро ташкил намуд ва ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда 2,2 миллион сомонӣ афзуд. Аз ҳисоби ба фаъолият шурӯъ намудани муассисаҳои хизматрасон дар соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ 1150 нафар бо ҷойҳои иловагии кор таъмин карда шуданд. «Чораҳои амалигардонидаи Раёсат дар бобати паст кардани сатҳи камбизоатӣ имкон доданд, ки музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 32 фоиз афзоиш ёбад», — илова намуд раиси «Тоҷикматлубот». Мавриди зикр аст, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли равон ба маблағи 37,2 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ харида шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2008-ум 7,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Имсол дар асоси 883 адад шартномаҳои тарафайн бо хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва дигар кишоварзон 29978 тонна маҳсулоти кишоварзӣ харидорӣ карда мешавад. То имрӯз аз ҳисоби 30 фоизи маблағи бо ин мақсад пешбинишуда, алакай 593 ҳазор сомонии он пешпардахт гардидааст.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






