ТУРКИЯ АЗ НАЗАРИ ТОҶИКОН
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бунёди байналмилалии фарҳангии Зиёдулло Шаҳидӣ бо дастгирии Сафоратхонаи Туркия дар ҶТ шумораи навбатии маҷаллаи «Фонус»- ро аз чоп баровард. Маҷаллаи мазкур пурра ба муколамаи байнифарҳангии Тоҷикистону Туркия дар чаҳонишавии кунунӣ бахшида шуда, аз таассурот ва назари намояндагони илму фарҳанги тоҷик нисбат ба ин кишвари тараққикардаи ҷаҳон ҳикоят мекунад. Имрӯз Тоҷикистон бо суръати назаррас робитаҳои хешро бо Туркия густариш дода, арзишҳои фарҳангии тарафайн бештар шуда истодаанд. Заминаи маънавии робитаҳои байнифарҳангии турку тоҷик ҳанӯз дар эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ пайрезӣ шуда, ин ду халқи гуногунзабонро бо арзишҳои муштараки меҳри одамӣ, ишқи инсонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пайваст. Муаллифон умед доранд, ки ҳар як хонанда баъди мутолиаи ин маҷалла барои худ паҳлӯҳои нави фарҳанги туркиро кашф мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






