ТУРКИЯ АЗ НАЗАРИ ТОҶИКОН

Июль 22, 2009 13:48

                       Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бунёди байналмилалии фарҳангии Зиёдулло Шаҳидӣ бо дастгирии Сафоратхонаи Туркия дар ҶТ шумораи навбатии маҷаллаи «Фонус»- ро аз чоп баровард. Маҷаллаи мазкур пурра ба муколамаи байнифарҳангии Тоҷикистону Туркия дар чаҳонишавии кунунӣ бахшида шуда, аз таассурот ва назари намояндагони илму фарҳанги тоҷик нисбат ба ин кишвари тараққикардаи ҷаҳон ҳикоят мекунад.                       Имрӯз Тоҷикистон бо суръати назаррас робитаҳои хешро бо Туркия густариш дода, арзишҳои фарҳангии тарафайн бештар шуда истодаанд. Заминаи маънавии робитаҳои байнифарҳангии турку тоҷик ҳанӯз дар эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ пайрезӣ шуда, ин ду халқи гуногунзабонро бо арзишҳои муштараки меҳри одамӣ, ишқи инсонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пайваст.                      Муаллифон умед доранд, ки ҳар як хонанда баъди мутолиаи ин маҷалла барои худ паҳлӯҳои нави фарҳанги туркиро кашф мекунад.  

Июль 22, 2009 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид