ВАФОТИ СИРОҶИДДИН ҚАЛАНДАРОВ

Июль 28, 2009 15:43

                 Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Муовини сардори Раёсати сиёсати тиҷорати Котиботи Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия Қаландаров Сироҷиддин Анварович дар синни 52 — солагӣ дар Маскав вафот кард. Дар ин бора аз Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.                Қаландаров С.А. 12 июли соли 1957 дар Тоҷикистон таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишкадаи иҷтимоию сиёсии Поволжеро хатм кардааст. Вай мутахассиси иқтисоду сиёсатшинос мебошад.                Номбурда дар корхонаю муассисаҳои гуногуни шаҳри Душанбе ҳамчун иқтисодшинос кор карда, баъд дар созмонҳои комсомолию ҳизбӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Ӯ аз соли 1991 то соли 2004 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Сироҷиддин Қаландаров соли 2005 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Котиботи Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия дар Маскав ба кор фиристода шуд.                 Ӯ дар тамоми давраҳои фаъолияти эҷодиаш нисбат ба касби худ масъулияти калон ҳис карда, онро софдилона иҷро мекард, нисбати рафиқону ҳамкоронаш меҳрубону ғамхор буд. С.Қаландаров шахси боинтизом, дорои фарҳанги олӣ ва нисбати аҳли оилаи худ ғамхор буд. Вай бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.  

Июль 28, 2009 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд