ВАФОТИ СИРОҶИДДИН ҚАЛАНДАРОВ
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Муовини сардори Раёсати сиёсати тиҷорати Котиботи Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия Қаландаров Сироҷиддин Анварович дар синни 52 — солагӣ дар Маскав вафот кард. Дар ин бора аз Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Қаландаров С.А. 12 июли соли 1957 дар Тоҷикистон таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишкадаи иҷтимоию сиёсии Поволжеро хатм кардааст. Вай мутахассиси иқтисоду сиёсатшинос мебошад. Номбурда дар корхонаю муассисаҳои гуногуни шаҳри Душанбе ҳамчун иқтисодшинос кор карда, баъд дар созмонҳои комсомолию ҳизбӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Ӯ аз соли 1991 то соли 2004 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Сироҷиддин Қаландаров соли 2005 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Котиботи Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия дар Маскав ба кор фиристода шуд. Ӯ дар тамоми давраҳои фаъолияти эҷодиаш нисбат ба касби худ масъулияти калон ҳис карда, онро софдилона иҷро мекард, нисбати рафиқону ҳамкоронаш меҳрубону ғамхор буд. С.Қаландаров шахси боинтизом, дорои фарҳанги олӣ ва нисбати аҳли оилаи худ ғамхор буд. Вай бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






