ВАКИЛОНИ ХАЛҚ БА МАРДУМ ОРОМИРО КАФОЛАТ ДОДАНД

Июль 1, 2009 10:24

                   Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо қарори вакилони халқи шаҳри Душанбе маҷмӯи қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ- гигиении шаҳри Душанбе кор карда бароварда шуд.                   Тибқи ҳуҷҷати қабулгардида, истеъмоли нӯшокиҳои машруботӣ дар кӯча, майдонҳои варзишӣ, гулгаштҳо, боғҳои истироҳатӣ ва дар ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда шудааст.                     Нисбати шахсоне, ки тартиботи ҷамъиятиро бо амалҳои номатлуб, аз қабили ҳуштаккашӣ, сурудхонӣ, навохтани мусиқӣ ва ё баланд кардани овоз тавассути дастгоҳҳои сабти овоз халалдор месозанд, дар асоси Кодекси қоидавайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии сахт кашида мешаванд.  

Июль 1, 2009 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд