ВАЗЪИ НОГУВОРИ СОҲАИ ФАРҲАНГИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Июль 29, 2009 11:49

                  Хуҷанд, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова ). — Муовини сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд Орифҷон Набиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар вилоят якчанд муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла Театри мусиқии драммавии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом, Қасри фарҳанги ҷамоати Ашти ноҳияи Ашт, Қасри фарҳанги шаҳри Қайроққум, мактабҳои ҳунарии якум ва дуюми ноҳияи Спитамен ва ғайра кӯҳнаю фарсуда гардида, ба тармими куллӣ эҳтиёҷи калон доранд. Қайд карда шуд, ки имрӯз дар муассисаҳои фарҳанги вилоят 5130 нафар кор мекунад, ки 60 фоизи шумораи умумии кормандони соҳаро ташкил медиҳад. Маоши миёнаи моҳонаи кормандони соҳаи фарҳанг бо назардошти 30 фоиз зиёд гардидани он ба 160 сомонӣ расид.                 Дар вилоят кормандони китобхонаҳо, ҳунарпешагони касбӣ ва коргардонони театрҳо намерасанд. Яке аз сабабҳои асосии ин вазъият маоши ночизи кормандони соҳа мебошад. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» ба кормандони соҳаи фарҳанг бояд дар бобати истифодаи қувваи барқ, об ва гази табиӣ имтиёзҳо дода шавад. Илова бар ин мақомоти маҳаллӣ ва ҷамоатҳо дар бисёр мавридҳо барои кормандони муассисаҳои фарҳангӣ қитъаи замин ва манзил ҷудо намекунанд. Бинобар ин мутахассисони ҷавони соҳаи фарҳанг касбу корҳои дигарро пеша карда, ё барои мардикорӣ ба Русия ва мамлакатҳои дигари хориҷӣ мераванд, гуфт дар хотима О.Набиев.                                                                                              Тарҷумон — Қудратов А.  

Июль 29, 2009 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд