ВАЗИРИ МОЛИЯ: «БА БУҶА 1,8 МИЛЛИАР СОМОНӢ ВОРИД ГАРДИД»
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки таъсири бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон идома дошта, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ нисбатан паст гардиданд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бошад, 7,8 миллиард сомонӣ ва афзоиши реалии он ба 2,8 фоиз баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 фоиз кам аст», — тазаккур дод зимни нишасти матбуотӣ, 24 июл вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов. Ӯ афзуд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар ин давра 1,6 миллиард доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли сипаригашта 30,6 фоиз ё 712,4 миллион доллари амрикоӣ кам мебошад. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ ба 411,4 миллион доллари ИМА ва ҳиссаи воридот ба 1,2 миллиард доллари ИМА баробар шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта содирот ба маблағи 379,7 миллион ва воридот 331,8 миллион доллари ИМА кам гаштааст. «Бояд зикр намуд, ки омилҳои мазкур ва идома ёфтани бӯҳрони молиявӣ-иқтисодӣ ба иҷроиши буҷет таъсири бевосита расониданд. Вале, новобаста аз ин, Вазорати молия дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдор як қатор корҳоро ба анҷом расонид, ки дар натиҷа ба буҷет 1,8 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андозҳои дохилӣ 1 миллиард сомонӣ, буҷетҳои маҳаллӣ 544,6 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 174,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад», — идома дод С. Наҷмиддинов. Дар фарҷом вазир ва муовинону масъулини Вазорати молия ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






