ВИЛОЯТИ СУҒД БО ЧАРОҒҲОИ БАРҚИИ КАММАСРАФ ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАД
Хуҷанд, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбат Мақсудова). — Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 17 Маҷлиси вакилони мардумии вилояти Суғд баргузор гардид. Онро муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Қоҳир Расулзода кушод. Дар иҷлосия масъалаи ҷараёни иҷрои Фармони Президенти ҷумҳурӣ дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфакоронаи энергия ва сарфаи қувваи барқ муҳокима карда шуд. Раиси вилоят зикр намуд, ки истифодаи чароғҳои барқии каммасраф аз 1 май шурӯъ шуд. То 1 июл 83 фоизи корхонаҳо ва 23 фоизи аҳолӣ ба истифодаи пурраи чароғҳои каммасраф гузаштанд. Бо ин роҳ дар вилоят 55,6 ҳазор киловатт — соат қувваи барқ сарфа карда шуд. Ояндаи наздик ба 404 ҳазору 78 оилаи камбизоат зиёда аз 50 ҳазор чароғи каммасраф тақсим карда мешавад. Ҳукумати мамлакат бо ин мақсад ба ҳисоби вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи зарурӣ гузаронидааст. Раиси вилоят ташкили сусти корро дар ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Мастчоҳ, Чкаловск, Конибодом ва Зафаробод таъкид намуд. Қайд карда шуд, ки айни ҳол асосан Ҷамъияти саҳҳомии «Нурафкан» — и шаҳри Қайроққум ба вилоят чароғҳои барқии каммасраф ворид месозад. Ояндаи наздик чароғакҳои барқии каммасраф дар корхонаи Ҷамъияти саҳҳомии «Чароғ» — и шаҳри Исфара истеҳсол карда хоҳанд шуд. Корхонаи мазкур дар як моҳ то 400 ҳазор чароғи барқӣ истеҳсол менамояд. Қ.Расулзода пешниҳод кард, ки барои иҷрои фармони Президент бояд дар маҳалҳо комиссияҳои махсус ташкил карда шаванд. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд






