ВИЛОЯТИ СУҒД БО ЧАРОҒҲОИ БАРҚИИ КАММАСРАФ ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАД

Июль 18, 2009 08:16

                  Хуҷанд, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбат Мақсудова). — Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 17 Маҷлиси вакилони мардумии вилояти Суғд баргузор гардид. Онро муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Қоҳир Расулзода кушод. Дар иҷлосия масъалаи ҷараёни иҷрои Фармони Президенти ҷумҳурӣ дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфакоронаи энергия ва сарфаи қувваи барқ муҳокима карда шуд.                  Раиси вилоят зикр намуд, ки истифодаи чароғҳои барқии каммасраф аз 1 май шурӯъ шуд. То 1 июл 83 фоизи корхонаҳо ва 23 фоизи аҳолӣ ба истифодаи пурраи чароғҳои каммасраф гузаштанд. Бо ин роҳ дар вилоят 55,6 ҳазор киловатт — соат қувваи барқ сарфа карда шуд.                   Ояндаи наздик ба 404 ҳазору 78 оилаи камбизоат зиёда аз 50 ҳазор чароғи каммасраф тақсим карда мешавад. Ҳукумати мамлакат бо ин мақсад ба ҳисоби вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи зарурӣ гузаронидааст.                   Раиси вилоят ташкили сусти корро дар ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Мастчоҳ, Чкаловск, Конибодом ва Зафаробод таъкид намуд.                    Қайд карда шуд, ки айни ҳол асосан Ҷамъияти саҳҳомии «Нурафкан» — и шаҳри Қайроққум ба вилоят чароғҳои барқии каммасраф ворид месозад. Ояндаи наздик чароғакҳои барқии каммасраф дар корхонаи Ҷамъияти саҳҳомии «Чароғ» — и шаҳри Исфара истеҳсол карда хоҳанд шуд. Корхонаи мазкур дар як моҳ то 400 ҳазор чароғи барқӣ истеҳсол менамояд.                  Қ.Расулзода пешниҳод кард, ки барои иҷрои фармони Президент бояд дар маҳалҳо комиссияҳои махсус ташкил карда шаванд.                                                                                                           Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 18, 2009 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст