ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ СОҲАИ СЕРДАРОМАД
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Барномаи занбӯриасалпарварӣ ба барномаҳои давлатӣ дохил гардид. Дар асоси «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2006 — 2010», соли ҷорӣ 250 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Бо ин маблағ зиёда аз 500 оилаҳои занбӯри асал харидорӣ гардида, дар мувофиқа бо роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-80, Суғд -70, Хатлон- 150 ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумурӣ 200 оила занбури асал дастрас гардонида шуд. Дар ин давра бо дастгирии вазорат сехи истеҳсоли муми варақӣ ба кор дароварда шуд. Ҳоло барои фурӯш дар корхона 600 кг муми варақӣ тайёр карда шудааст. Талаб ба асали Тоҷикистон сол аз сол зиёд мегардад ва ҳоло як кило асал дар бозорҳои хориҷи кишвар 25 доллари амрикоӣ кимат дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






