ЗАРБАИ ҶИДДӢ БА «ҲИЗБ — УТ — ТАҲРИР»
Анқара, 27 июл (АМИТ «Ховар» — Нюс.ам.ру.). — 24 июл якбора дар 23 вилояти Туркия ба муқобили аъзоён ва дастаҳои ҳизби ифротии «Ҳизб — ут — Таҳрир» амалиёти доманадор анҷом дода шуд. Дар натиҷаи амалиёт бештар аз 200 нафар аъзоён ва тарафдорони ҳизб дастгир ва ҳабс карда шуданд. Танҳо дар шаҳри Анқара кормандони мақомоти мубориза ба муқобили терроризм якбора 20 хона ва ташкилоту муассисаро тафтиш намуда, 20 нафарро ҳабс карданд ва миқдори зиёди адабиёти манъшуда ва ҳуҷҷатҳоро мусодира карданд. Ёдовар мешавем, ки «Ҳизб — ут — Таҳрир» ҳанӯз соли 1952 ташкил ёфта буд ва бо созмонҳои дигари террористӣ, аз ҷумла, ҳизби «Мустақиллик» ва ҷамъияти «Бародарони мусулмон» ҳамкорӣ мекард. Ҳадафи асосии ҳизби мазкур муттаҳид сохтани мусулмонони ҷаҳон, мамлакатҳои исломӣ ва ташкили давлати ягонаи динӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






