ЗАРБАИ ҶИДДӢ БА «ҲИЗБ — УТ — ТАҲРИР»

Июль 27, 2009 10:45

                Анқара, 27 июл (АМИТ «Ховар» — Нюс.ам.ру.). — 24 июл якбора дар 23 вилояти Туркия ба муқобили аъзоён ва дастаҳои ҳизби ифротии «Ҳизб — ут — Таҳрир» амалиёти доманадор анҷом дода шуд. Дар натиҷаи амалиёт бештар аз 200 нафар аъзоён ва тарафдорони ҳизб дастгир ва ҳабс карда шуданд.               Танҳо дар шаҳри Анқара кормандони мақомоти мубориза ба муқобили терроризм якбора 20 хона ва ташкилоту муассисаро тафтиш намуда, 20 нафарро ҳабс карданд ва миқдори зиёди адабиёти манъшуда ва ҳуҷҷатҳоро мусодира карданд.                Ёдовар мешавем, ки «Ҳизб — ут — Таҳрир» ҳанӯз соли 1952 ташкил ёфта буд ва бо созмонҳои дигари террористӣ, аз ҷумла, ҳизби «Мустақиллик» ва ҷамъияти «Бародарони мусулмон» ҳамкорӣ мекард. Ҳадафи асосии ҳизби мазкур муттаҳид сохтани мусулмонони ҷаҳон, мамлакатҳои исломӣ ва ташкили давлати ягонаи динӣ мебошад.  

Июль 27, 2009 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид