ҒАЛАБАИ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК

Август 21, 2009 16:36

               Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров).- Дирӯз дар шаҳри Олмалиқи ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи чоруми байналхалқии боксчиёни навраси соли таваллудашон 1991-1992 ба охир расид. Дар мусобиқа варзишгарони Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок карданд.                Варзишгари тоҷик Меъроҷиддин Каримов, дар вазни зиёда аз 91 килограмм зимни қувваозмоӣ бо соҳиби майдон аз шаҳри Олмалиқ ғалабаро ба даст овард. Ӯ таҳти роҳбарии тренер Абдурашид Мамаҷонов машқ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.              Мусобиқаи мазкур давраи навбатии тайёрӣ ба Олимпиадаи нахустини варзишгарони наврас буд, ки соли 2010 дар Сингапур баргузор мегардад. Тарҷумаи Зебо Иноятова 

Август 21, 2009 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд