ҚОЧОҚЧИЁНИ ӮЗБЕК ДАСТГИР ШУДАНД

Август 15, 2009 11:02

                    Тошканд, 16 август. (АМИТ «Ховар» — Лента. ру). — Дар Ӯзбекистон ду мошини боркаши «КАМАЗ» дастгир карда шуд, ки ба Русия моддаи нашъадори героин мебурд.                    Ба Хадамоти амнияти миллӣ ва мақомоти дигари муҳофизи қонуни Ӯзбекистон хабар дода шуд, ки қочоқчиён маводи нашъадорро аз ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд ба воситаи мошинҳои боркаш ба Қазоқистон ва аз он ҷо ба Русия бурдан мехоҳанд.       Кормандони мақомоти дахлдор роҳҳои имконпазири ҳаракати мошинҳоро муайян намуда, онҳоро дар роҳи мошингарди Тошканд — Чиноз боздоштанд. Мувофиқи ҳуҷҷатҳо, ба воситаи мошинҳо ба Федератсияи Русия 22 тонна себ бурда мешуд. Вале зимни кофтуков дар зери қуттиҳои себ 20 баста моддаи нашъадори героин ёфт шуд, ки вазни умумии он 126 килограмм буд.                     Кормандони милиса вобаста ба ин воқеа шаш сокини ноҳияи Бекободро дастгир намуданд. Баъдан боз як сокини ҳамин ноҳия бо гумони шарокаташ ба қочоқи маводи нашъадор дастгир шуд.                    Нисбати ҷинояткорон парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад.

Август 15, 2009 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст