&#1178АЗО&#1178ИСТОН ДАР СОХТМОНИ ИНШООТИ БАРҚИИ ТОҶИКИСТОН САҲМ МЕГУЗОРАД

Август 25, 2009 17:24

                      Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Абӯтолиб Аҳмадов имрӯз бахшида ба Рӯзи Қонуни асосии мамлакаташ нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай зикр кард, ки Қазоқистон тайёр аст дар сохтмони иншооти обу энергетикии Тоҷикистон ширкат варзад.                         Ёдовар мешавем, ки соли 2008 дар байни Тоҷикистону Қазоқистон фонди муштарак ташкил ёфта буд ва маблағи ибтидоии он сад миллион доллари ИМА — ро ташкил медод. 80 фоизи ин маблағро Қазоқистон ва 20 фоизи онро Тоҷикистон ҷудо карда буданд. Бо маблағи фонди мазкур дар қаламрави Тоҷикистон корхонаҳои муштараки гидроэнергетикӣ, истихроҷи маъдан ва кишоварзӣ сохта мешаванд.                       А.Аҳмадов роҷеъ ба ҳамкории ҳар ду кишвар сухан ронда, изҳор намуд, ки ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистон Қазоқистон бо таъсири бӯҳрони молиявӣ кам шуд ва дар нимаи аввали соли равон ҳамагӣ 1,6 фоизро ташкил дод. Айни ҳол дар Тоҷикистон бо иштироки сармояи Қазоқистон 50 корхонаи муштарак фаъолият дорад. А.Аҳмадов зикр намуд, ки имсол ҳам теъдоди муайяни донишҷӯёни тоҷик ба мактабҳои олии Қазоқистон қабул карда мешаванд.

Август 25, 2009 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд